Як роҳи осони гирифтани шаҳрвандии Русия

Бар асоси пишнеҳидои вижаи Мишустин, нахуствазири Русия, гирифтани шаҳрвандии Русия барои донандагони забони русӣ осон хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, Михаил Мишустин, нахуствазири кишвар як гурӯҳи муҳоҷиронеро номбар кардааст, ки ин имконит эҳтимол дорад барояшон фароҳам оварда шавад.

Ба қавли он гурӯҳ хориҷиёне мебошан, ки забони русиро хуб медонанд.

Сарвазири дар ин бора зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ аз натиҷаҳои фаъолияти Ҳукумат дар соли 2020 гуфтааст.

Раиси ҳукумати Русия гуфт: “Ман омодаам пешниҳодҳоро дар бораи содда кардани шаҳрвандии Русия ба хориҷиёне, ки бо забони русӣ гап мезананд, гӯш кунам”.

9 асоси радди шаҳрвандии Русия барои хориҷиҳо: яке депорт

Қаблан, Вазорати корҳои дохилии Русия донистани забони русиро яке аз талаботҳои асосӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия номид.

Ҳамзамон, Владимир Путин, президенти Русия норасоии коргарони муҳоҷир дар ин кишварро дар чанд бахши иқтисод эълон кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад