Осеби 15 шаҳру ноҳия ва ҷон бохтани 8 нафар дар пайи селу обхезӣ

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, селу обхезии рӯзи 11-ум дар кишвар ба 15 шаҳру ноҳия осеб расонда, боиси ҳалокати 8 нафар шудааст.

Дафтари матбуоти Кумита рӯзи 12-уми май бо нашри эъломияе гуфт, офати табиӣ асосан ба шаҳру навоҳии Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ осеб расондааст.

Аз ҷумла, омадани сел дар рӯзи гузашта роҳи деҳаи Лаби Ҷар дар ноҳияи Сангворро баст. Сел ҳамчунон ба ҳавлии 14 оила дар деҳаи Ниёзбегиёни ноҳияи Рашт ҳам осеб расондааст. Дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб низ сел автомашинаи чанд сокини деҳаро бурдааст.

Ба иттилои Кумита, омадани сел роҳи Дарвоз-Хоруғро дар наздикии деҳаи Вишхарв баст. Мақомот гуфтанд, шаби гузашта сел ба шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ҳам осеб расонд.

Дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омадааст, селу обхезии 11-уми май дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Кӯлоб, Ҳисор ва ноҳияи Кушониён қурбонӣ доштааст. Аз ҷумла, се узви як оила дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ин ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Исми онҳо маълум нест, вале мақомот гуфтанд, фавтидагон, 39, 29 ва севвумӣ 10-сола буд. Ин афрод дар дохили як автомашина будаанд ва сел онҳоро бурдааст. Мақомот гуфтанд, мусофири чаҳоруми нақлиёт як сокини 45-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин захмдор шудааст.

Тибқи охирин иттилоъ, сел дар умум ба манзили 26 оила дар деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зарар расондааст.

Бар асоси хабарҳои расмӣ, обхезии рӯзи 11-уми май беш аз ҳама дар шаҳри Кӯлоб хисорот доштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, сел ба кӯчаҳои Завод, Содиқов, маҳаллаҳои 3, 4, 5, Файзободи боло, Якуми май, Раҳимзода ва Пашадара осеб расондааст. Боғҳо низ дар пайи омадани сел осеб дидаанд.

Мақомот гуфтанд, обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб то ин дам 3 қурбонӣ доштааст. Ду нафари онҳо дар дохили нақлиёт ва як нафарашон дар вақти омадани сел ба ҳалокат расидаанд. Дафтари матбуоти Сарвазир субҳи 12-уми май хабар дод, ки, нахуствазир Қоҳир Расулзода, вазири корҳои дохилӣ, вазири нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳри Кӯлоб рафтаанд. Дар назар аст, ки ҷаласаи нахустини комиссия бо роҳбарии нахуствазир зуҳри 12-уми май баргузор шавад.

Бар асоси хабарномаи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар натиҷаи обхезии дирӯз, як сокини 34-солаи ноҳияи Кушониён ҳам ба ҳалокат расидааст. Манбаъ афзуд, ин нафар ронандаи нақлиёти боркаш буд ва дар вақти омадани сел дар роҳи Бохтар-Данғара қурбон шуд.

Офати табиӣ ҳамчунин боиси харобии як пул дар роҳи Данғара-Леванд шудааст. Дар деҳаҳои Даштобод, Обимуки ноҳияи Ёвон ҳам, сел ба таҳхонаҳои сокинон ва замини наздиҳавлигии онҳо осеб расондааст. Дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстӣ, Вахш ва Муминобод ҳам ба гуфтаи мақомот, селу обхезӣ ба манзилҳои сокинон зарар расонда, боиси хароб шудани пул шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, қурбонии ҳаштуми обхезии дирӯз сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор мебошад. Ному насаби ин нафар то ин дам эълон нашудааст ва мақомот танҳо гуфтанд, ӯ чӯпон буда, дар вақти омадани сел, об ӯро бурдааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, комиссия ҳаҷми зарари расида аз офати табииро муайян карда истодааст. Масъулини ниҳод гуфтанд, хатари боронгарӣ ва омадани сел то рӯзи 14-уми май зиёд аст ва сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, кормандонашон ба ҳолати омодабош даромадаанд ва вазъро зери назорат доранд. Ҳарчанд баъзе аз сокинон дар минтақаҳои офатзада гуфтанд, ёрии зарурӣ дарёфт накардаанд.

Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад