Ҳимояи ситораи бошгоҳи Ливерпул аз мардуми мазлуми Фаластин

Ситораи бошгоҳи англисии Ливерпул барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин дар шабакаҳои иҷтимоӣ паём нашр кард.

Амали ваҳшиёнаи саҳюнистҳо алайҳи мусулмонони мазлуми Фаластин дар Масҷидулақсо боис шуд, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳон ба ин масъала зоҳир шавад.

Дар арафаи поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон, нерӯҳои Исроил дар Масҷидулақсо ба намозгузорони фаластинӣ якчанд ҳамла анҷом доданд, ки дар натиҷа бисёр одамони бегуноҳ кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд, алахусус дар минтақаи Шайх Ҷарроҳ.

Ин масъала боис шуд, ки бархе аз варзишгарон, аз ҷумла футболбозон, алайҳи амали саҳюнистҳо эътироз кунанд ва бо интишори постҳо дар интернет вокунишҳои мухталиф нишон диҳанд.

Дар охирини ин амалҳо, ситораи Ливерпул Садио Мане, ки ҳамеша корҳои хайр бисёр кардааст, тасвири Масҷидулақсоро нашр кард ва навиштае ба ноънои “Фаластини озод”-ро нашр кард.

Пештар ҳам ситораи мусалмони бошгоҳи Манчестер Юнайтед, Пол Погба барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин паёме нашр карда буд.

Вай дар ин пост навишт: Ҷаҳон ба сулҳ ва муҳаббат ниёз дорад. Мо дар арафаи Иди Фитр қарор дорем. Ман шуморо даъват мекунам, ки якдигарро дӯст доред. Барои Фаластин дуо кунед.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад