63 қурбонӣ дар ҳамлаи хунин – эълони мотами миллӣ дар Афғонистон

Охирин гузоришҳои расмӣ аз Афғонистон нишон медиҳанд, ки шумораи қурбониёни таркиши рӯзи шанбе дар назди як мактаби духтарона дар ғарби Кобул ба 63 нафар расидааст, ки аксарияти онҳо донишомӯз мебошанд.

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон бо нашри як паёми видеоӣ ҳамлаи “даҳшатбор” ба шогирдони мактаби духтаронаи Сайид-уш-Шуҳодаро шадидан маҳкум кард ва рӯзи сешанбе мотами миллӣ эълон кард.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст ва сухангӯи Толибон рӯзи шанбе гуфт, ки ин гурӯҳ дар ин ҳамла даст надорад.

Ғанӣ гуфт: “Гурӯҳҳои ҷаҳҳлу торикӣ, гоҳе бо номи Толибон ва гоҳе бо номи ДИИШ, мехоҳанд фарзандони моро бо чунин ҳамлаҳои ваҳшиёна дар паси корвони илм ва пешрафт нигаҳ доранд”.

Вай илова кард: “Душманони мардуми Афғонистон дар ҳамлаи террористӣ шумораи зиёди кӯдаконамонро шаҳид ва захмӣ карданд”.

Оқои Ғанӣ ҳамчунин аз Толибон даъват кард, ки ба куштори афроди бегуноҳ хотима диҳанд.

Қасри президенти Афғонистон низ бо нашри як изҳороти алоҳида аз қавли оқои Ғанӣ гуфт: “Толибон бори дигар нишон доданд, ки бо шиддат додани ҷанги ғайриқонунӣ ва хушунат, онҳо на танҳо аз сулҳ ва бунёдӣ ҳал кардани бӯҳрони кунунӣ худдорӣ мекунанд, балки бо мураккаб сохтани вазъият, фурсати мавҷуд барои сулҳро вайрон мекунанд”.

Дар изҳороти президенти Афғонистон илова шудааст, ки ин гурӯҳи “ваҳшӣ”, ки наметавонад бо неруҳои ҷасури амниятӣ ва дифоии кишвар дар майдони ҷанг муқобила кунад, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мактабҳои духтаронро бо сангдилӣ ва бераҳмӣ ҳадаф қарор медиҳад.

Қайд карда мешавад, ки дар ин ҳамла беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад