Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба таъмини тартиботи марзӣ

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба хулоса омаданд, ки дар марз навбатдории кормандони ВКД ҳарду кишварро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, мулоқоти Абдулло Навҷувонов, сардори раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд ва Улан Ниёзбеков, вазири корҳои дохилаи Қирғизистон, дар Бодканд доир гардид.

Онҳо оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ, танзими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи якҷояи қонуният ва тартибот мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, Навҷувонов ва Ниёзбеков ба мувофиқа расиданд, ки дар марз навбатдории полиси ду кишварро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.

Маҳз ба ҳамин хотир вазири корҳои дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков ба вилояти Бодканд сафар кардааст.

Таври маълум, мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад