Интиқоли нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ

Ба навиштаи Рӯзномаи Вол Стрит Журнал, Амрико тарҷеҳ медиҳад, пас аз хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон пайгоҳҳои низомии худро ба кишварҳои Узбекистон ё Тоҷикистон интиқол диҳад.

Дар навиштаи суҳби имрӯзи ин Рӯзномаи Вол Стрит Журнал зикр шудааст: “Албатта ҳузури низомии Русия ва афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барномаҳоро барои ҳаргуна истиқрори нерӯҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ печида мекунад”.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистони ҳафтаи гузашта ба ду кишвари Тоҷикистон ва Узбекистон сафар кард.

Тоҷикистон узви комил дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба раҳбарии Русия аст ва Узбекистон агарчи узвияти худро дар ин иттиҳод дар соли 2012 ба ҳолати таълиқ даровард, бо ин вуҷуд ҳамчунон равобити иқтисодӣ ва амниятии қавӣ бо Маскав дорад.

Тибқи тавофуқномаи сулҳ миёни Толибон ва Амрико, давлати Иёлоти Муттаҳида мутааҳҳид шуд, то аввали моҳи май тамоми нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад, аммо давлати Байден замони хуруҷи тамоми нерӯҳои Амрикоиро то 11 сентябр ба таъхир андохт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад