Инфиҷорҳои хунин дар Кобули Афғонистон

Дар инфиҷорҳои хунини Афғонистон 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 9-уми май эълон кард, ки бар асари бомбгузории рӯзе пеш дар як мактаби духтарона дар шаҳри Кобул камаш 50 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониён духтарон ҳастанд.

Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, гуфт, аввал мошини бомбгузоришуда дар наздикии мактаби Сайид Ал-Шуҳадо таркида, ду бомби дигар ҳангоми ба воҳима афтодну талотуми донишомӯзон мунфаҷир шудааст.

Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки ҷузвдонҳои хунолдуд ва китобҳо дар кӯча партофта шудаанд ва дуд аз маҳалли ҳодиса ба само мепечад.

То ин дам ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст. Гуруҳи Толибон даст доштани ҷангҷӯёнашро дар ин ҳодиса инкор ва ҳамлаи маргбор дар моҳҳои охир дар Кобулро маҳкум кард. Аммо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, бе пешниҳоди ҳеч далел Толибонро масъули ҳамла донист.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад