Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири нафт

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Амирҳусайн Замониниё, муовини вазири нафти Эрон мулоқот кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин дидор ба хотири омодагиҳо барои ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки Тоҷикистон Эрон будааст.

Вазорат гуфтааст: “Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд”.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир ба сардӣ гароида буд, ки акнун дар равобити ин ду кишвар гардишҳои нав сурат мегирад. Чанде пеш вазири дофи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон рафта буд, ки дар дидор бо ҳамтои эронияш аз ташкили як Кумитаи муштараки дифоӣ хабар доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад