Режими саҳюнистӣ тайи як солу ними ахир 778 бор ҳуқуқи рӯзноманигорони Фаластиниро поймол кардааст

Маркази итилоъ расонии Фаластин эълом кард, ки режими саҳюнистӣ аз соли 2020 токунун 778 бор ҳуқуқи рӯзноманигорони Фаластиниро поймол кардааст.

 

 

Маркази итилоъ расонии Фаластин вобаста ба Ҷумбиши Ҳамос дар Ғазза ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии озодии расонаҳо”, тайи гузорише эълом кард : аз оғози соли 2020 токунун 778 бор ҳуқуқи рӯзноманигорони Фаластинӣ тавассути режими палиди саҳюнистӣ  нақз шудааст .

Дар ин гузориш омадааст : «Исроили ишғолгар, тайи соли гузашта дастикам 561 бор ва тайи соли ҷорӣ 217 бор ҳуқуқи рӯзноманигорони Фаластиниро нақз кардааст . Ин иқдомоти ишғолгарон бо озодии расонаҳо ва муқаррароти байналмилалӣ, ки озодии матбуотро тазмин мекунад , дар тазод аст . Ҳамчунин тайи ин муддат низомиёни режими саҳюнистӣ рӯзноманигоронро ҳадафи мустақими худ қарор дода ва бархе дигарро боздошт ва бархе дигарро мавриди зарбу шатм қарор додаанд . Токунун 29 рӯзноманигор дар зиндонҳои режими кӯдак куши саҳюнистӣ асир ҳастанд . Мо Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони Араб, Гузоришгарони бидуни марз ва ЮНЕСКО-ро барои ҳимоят аз рӯзноманигорони фаластинӣ фаро мехонем» .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад