Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, фарде бо корд як полиси занро дар вурудии сохтумони идораи полис дар хориҷ аз шаҳри Порис мавриди ҳамла қарор дод .
Бар асоси ин гузориш, ин ҳодиса дар шаҳри “Rambouillet” (Рамбуйлет), дар хориҷи Порис, пойтахти Фаронса рӯй додааст .
Вазири кишвари Фаронса дар паёми Твитарӣ эълом кард, ки таҳқиқот барои баррасии ҷузъиёти ҳодисаи мазкӯрро оғоз кардааст .
Дар ҳамин иртибот, вазорати кишвари Фаронса эълом кард : фарди зориб кушта шудааст . Ӯ дорои тобеъият Тунес будааст.