Эътирозоти зидди нажодпарастӣ дар Сакраменто ба захмӣ шудани 4 полис анҷомид

Дар идомаи эътирозоти зиди нажодпарастӣ дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, 4 нерӯи полис дар Сакраменто дар иёлати Калифорния, захмӣ шуданд .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, иқдоми полиси Сакраменто барои мутафарриқ кардани муътаризин мунҷар ба даргирӣ миёни ин ду гуруҳ шуд ва бархе аз муътаризин аз як навъ дорупош барои дифо аз худ истифода карданд, ки дар натиҷаи он чаҳор полис захмӣ шуда ва роҳии бемористон шуданд .

Эътирозоти Сакраменто дар вокуниш ба хушунати полиси Амрико ва тирандозии маргбор ба сӯи “Адам Толедо”, писари 13 сола дар Чикаго ва қатли “Данте Райт”, дар Миннесота анҷом гирифтаанд .

Дар ҳамин робита полиси Сакраменто дар иттилоъияе эълом кард : чаҳор маъмури полис дар эътирозоти ин шаҳр захмӣ шуданд ва таҳқиқоти полис дарбора ин ҳодиса оғоз шудааст .

Идораи полиси Сакраменто эълом кардааст, ки муътаризон дар ибтидои шурӯъ ба партоби санг ба сӯи маъмурони полис кардаанд .

Пас аз тирандозии маргбори якшанбеи гузашта дар “Бруклин Сентер” ба сӯи “Данте Райт”, шаҳрванди сиёҳпӯсти 20 сола, эътирозоти густардае дар шаҳрҳои мухталифи Амрико оғоз шудааст .

Пас аз он низ қатли як навҷавони 13 сола ба номи “Адам Толедо”, дар Чикаго, сабаби густариши бештари ин эътирозот шуд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад