3 кушта бар асари тирандозӣ дар иёлати Тегзоси Амрико

Манобеи хабарӣ аз кушта шудани дасти кам се нафар дар пайи тирандозӣ дар шаҳри "Остин" дар иёлати Тегзоси Амрико хабар доданд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Rasha Today”, манобеи хабарӣ аз кушта шудани чанд нафар дар пайи тирандозӣ дар иёлати Тегзоси Амрико хабар доданд .

Бар асоси ин гузориш, тирандозӣ дар шаҳри “Остин” яке аз шаҳрҳои иёлати Тегзоси Амрико дасти ками 3 кушта бар ҷой гузошт .

Полиси “Остин” бо эъломи инки омили тирандозӣ ҳануз фарорӣ аст, аз шаҳрвандон хост аз маҳали ҳодиса дур шаванд .

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин полиси шаҳри Коношаи иёлати Висконсини Амрикои ҳам аз кушта ва захмӣ шудани дастикам панҷ нафар дар пайи ҳодисаи тирандозӣ дар ин шаҳр хабар дода буд .

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, полиси иёлати Висконсини Амрико аз кушта ва захмӣ шудани дастикам панҷ нафар дар пайи ҳодисаи тирандозӣ дар ин иёлат хабар дод .

Бар асоси ин гузориш, полиси шаҳри “Коноша” воқеъ дар иёлати Висконсини Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “CNN” зимни таъйиди ин хабар эълом кард : дар ин ҳодисаи тирандозӣ дастикам се нафар кушта ва ду нафари дигар низ захмӣ шудаанд .

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад