Пирӯзии дастаи Истиқлол дар дувумин бозии Лигаи қаҳрамонии Осиё

Дастаи Истиқлоли Душанбе дар бозии дувуми худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё ҳарифи узбекистониро шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  бомдоди рӯзи душанбе дастаи Истиқлоли Тоҷикистон дар чорчуби рақобатҳои ҳафтаи дувуми Лигаи қаҳрамонони Осиё- 2021  , дастаи AGMK-и Узбекистонро шикаст дод ва ҷойгоҳи дувуми гурӯҳи A-и ин мусобиқотро аз он худ кард .

Барои дастаи Истиқлоли Тоҷикистон Манӯчеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 55 ва Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 80 голзанӣ карданд. Дигар голи Истиқлоли Душанберо Хуан Дучик- бозикуни сербияии AGMK дар дақиқаи 46 вориди дарвозаи худӣ кард.

Зафар Полвонов низ дар дақиқаҳои 57 ва 90 ҳар ду голи AGMK-ро ба самар расонд, аммо натавонист монеъ аз шикасти тимаш дар ин дидор шавад.

Дакстаи футболи Истиқлоли Эрон низ бомдоди душанбе дар гурӯҳи C-и Лигаи қаҳрамонони Осиё ба масофи тими Ашшуртаи Ироқ рафт ва бо натиҷаи 3 бар сифр ба пирӯзӣ расид .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад