Тазоҳуроти садҳо муътариз дар баробари иқоматгоҳи Нетонёҳу дар Қудси ишғолӣ

Садҳо нафар рӯзи шанбе бо таҷаммуъ дар баробари иқоматгоҳи нахуст вазири режими саҳюнистӣ алайҳи вай шиор сар доданд .

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, садҳо нафар рӯзи шанбе бо таҷаммуъ дар баробари иқоматгоҳи “Бенёмин Нетонёҳу”, нахуст вазири режими саҳюнистӣ алайҳи вай тазоҳурот баргузор карданд .

Полис дар ҳоле, ки муътаризин саъй дар ҷилавгирӣ аз рафту омад доштанд, чандин роҳро ба рӯи мардум баста ва монеи рафту омади мошинҳо шуд.

Ҳафтаи пеш низ ҳамзамон бо тазоҳуроти чанд ҳазор нафарӣ муқобили иқоматгоҳи Нетонёҳу, теъдоде аз муътаризон низ муқобили хонаи “Риёлин”, таҷаммуъ карда ва ба интихоб шудани Нетонёҳу ба унвони маъмури ташкили кобина эътироз карданд .

Полиси ин режим низ бо тазоҳурот кунандагон, ки қасд доштанд баннере бо навиштаи “Дурӯғгӯ” ба девори иқоматгоҳи Риёлин, овезон кунанд, ба шиддат даргир шуд .

Муътаризони саҳюнистӣ дар баёнияе эълом карданд, ки раиси ин режим, бар хилофи «раъйи аксарияти Исроилиҳо» дар кобина, Нетонёҳуро барои ташкили кобина мукаллаф кард .

Тазоҳуроткунандагон муқобили иқоматгоҳи “Риёлин”, хостори зиндонӣ шудани Нетонёҳу ва ҳамчунин ташкили “кобина” тавассути вай шуданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад