Афзоиши 43 дарсадии содироти барқ бидуни лағви лимит

Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2020 Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли барқро ба кишвари ҳамсоя дар ҳамин давраи соли ҷорӣ қариб ба андозаи 43% зиёд кард.

Бар асоси гузориши Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-март ба хориҷи кишвар маблағи 9 млн 719 ҳазор доллар барқ интиқол дода шудааст.

Маблағи барқи интиқолёфта дар ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 850 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистан сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, дар худи Тоҷикистон оид ба истифодаи барқ маҳдудият (лимит) амал карда, он расман аз 5 январ ҷорӣ шуд, ҳарчанд сокинони деҳот ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ гардидани интиқоли барқ шикоят мекарданд.

Ҳозир аҳолии деҳот рӯзона – аз соати 5-и субҳ то 23:00-и шаб бо барқ таъмин карда мешаванд.

Айни замон танҳо дар қаламравҳое, ки дар онҳо хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, нерӯи барқ шабонарӯзӣ интиқол меёбад.

Аваали ҳафта ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон мардум субҳ ва шомгоҳон бо барқ таъмин карда мешаванд, то ки хӯрок тайёр карда тавонанд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра бартараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад, зеро 93%-и барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Лекин дар мавриди комилан бекор шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҳоло дар ширкати “Барқи тоҷик” ҳеҷ гуна тасмиме гирифта нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад