Дастгирии 11 нафар ба гумони ҳамкорӣ бо “ДИИШ” дар Истамбул

Нерӯҳои амниятии Туркия, тайи чандин амалиёти ҳамзамон дар Истанбул, 11 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо "ДИИШ" дастгир карданд .

 

 

Тимҳои мубориза бо тероризми полиси Истанбул, амалиёти густарда ва ҳамзамон дар 10 шаҳристони мухталифи ин шаҳр барои дастгирии мазнунон ба ҳамкорӣ ва иртибот бо гурӯҳи ‌ террористии “ДИИШ” тартиб доданд .

Тайи ин амалиёт, 11 мазнун дастгир ва шумори зиёде асноди созмонӣ ва васоили электроникии мутаъаллиқ ба ин афрод кашф ва забт шуд .

Ин афрод барои бозҷӯӣ ва тайи мароҳили қонӯнӣ ба идораи полис мунтақил шуданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад