Ниёзи Русия ба муҳоҷирон дар иҷрои нақшаҳои бузург

Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи норасоии муҳоҷирон дар кишвар гуфт.

Рӯзноманигорон аз котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хоҳиш карданд, ки вазъи муносибати манфии русҳоро ба муҳоҷирон шарҳ диҳад.

Песков аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард, аммо дар бораи вазъи муҳоҷирон дар Русия ҳарф зад.

Песков гуфт: “Дар тӯли соли гузашта муҳоҷирон хеле кам буданд ва воқеан барои амалӣ сохтани нақшаҳои азими сохтмони худ ба мо дасти муҳоҷирон намерасад, мо бояд аз ҳоло дида бештар бино созем, аммо барои ин коргарон лозиманд. Дасти ҳамон коргарон дар кишоварзӣ ҳам намерасад”.

Сухангӯи президент ба хулоса омад, ки бешак дар Русия норасоии муҳоҷирон вуҷуд дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад