Таъкиди вазирони Тоҷикистону Эрон ба тақвияти равобит ва густариши ҳамкориҳо

вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Эрон бо дар шаҳри Душанбе дидор кард.

Дар ҳошияи нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – раванди Истанбул” Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кард.

Тарафайн дар ин мулоқот ба аҳамияти тавсеаи равобити ду ҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ишора карданд.

Роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба вижа тақвияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон, ҳамчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ дар ин дидор баррасӣ шуд.

Тарафайн нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар густариши муносиботи бахшҳои мухталиф муҳим арзёбӣ карданд.

Илова бар ин, ду тараф дар бораи иҷрои комили тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтугӯ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад