Тирандозӣ дар Амрико як кушта ва 7 захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи тирандозии ду фарди мусаллаҳ ба сӯи мардум дар иёлати Чикагои Амрико, як нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд .

 

Дар пайи тирандозии ду фарди мусаллаҳ ба сӯи мардум дар минтақаи “Ройтвуд”, дар ҷануби иёлати Чикагои Амрико як нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд .

Банно бар эъломи мақомоти ин иёлат фарди кушта шуда як ҷавони 26 солааст, ки аз ноҳияи сар ҳадафи тир қарор гирифта буд .

Маҷруҳин низ ба бемористонҳои атрофи маҳали тирандозӣ, мунтақил шудаанд .

Мақомоти полис бо баёни инки дар робита бо ин ҳодиса ҳануз ҳеч фарде боздошт нашудааст гуфтанд, ки мақодири зиёде силоҳ дар ин минтақа вуҷуд дорад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад