Оташсӯзӣ дар Миср бо беш аз 20 қурбонӣ

Вуқуъи оташ сӯзӣ дар корхонае дар шимоли Миср, мунҷар ба ҷон бохтани дастикам 20 тан шуд .

 

 

Дар асари оташ сӯзӣ дар як корхона дар шаҳри Калибия, дар шимоли Миср дастикам 20 нафар ҷони худро аз даст дода ва 24 тани дигар дучори сӯхтагӣ шуданд .

Устондории Калибия бо интишори баёнияе эълом кард, ки оташ сӯзӣ дар як корхонаи 4 табақаи тавлиди пӯшок дар минтақаи Ал-Убур, рух дода ва иллати он ҳануз мушаххас нест .

Барасоси ин баёния, тибқи баровардҳои аввалия 20 нафар дар ин оташ сӯзӣ ҷон бохта ва 24 нафари дигар дучори сӯхтагӣ шудаанд .

Баёнияи мазкӯр тасреҳ кардааст, ки бо эъзоми 10 мошини ёрии таъҷилӣ ва 15 мошини оташ нишонӣ ба маҳали ҳодиса, оташ сӯзӣ маҳор шуда ва иқдомоти лозим барои таъмини амнияти сохтумонҳои наздик ба ин корхона низ дар ҳоли анҷом аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад