Оё Роспотребнадзор раванди муҳоҷиратиро ҳал мекунад?

Сафири Русия дар Тоҷикистон аз ташрифи гурӯҳи Гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон хабар додааст.

Бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, бояд мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф меоварданд.

Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар мулоқот бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст:  “Гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор рӯзҳои наздик барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд”.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, бояд мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф меоварданд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин вохӯрӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.

Аммо ҳанӯз маълум нест,ки дар сурати собит гардидани он,ки дар Тоҷикистон дигар КОВИД-19 нест, роҳҳои Русия барои муҳоҷирон боз мешавад ё не?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад