Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба зарурати ҳарчӣ зудтар баргузор кардани музокироти марзӣ таъкид карданд

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, вазири умури хориҷаи кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар гуфтугӯи телефонӣ бо Руслан Қазоқбоев ҳамтои қирғизистониаш бар шитоби бахше ба раванди аломатгузории марзи муштараки ду кишвар таъкид карданд.

Онон мӯътақиданд, ки то ба ҳол аз зарфияти камиссияи муштараки аломатгузории марзҳои ду кишвар истифода нашудааст ва бояд музокироти дуҷониба дар ин замина ҳар чӣ зудтар баргузор шавад.

Марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр тӯл дорад ва дар пайи ду даҳа музокироти тарафҳо танҳо 519 километр аз он дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аломатгузорӣ шуда ва бақияи манотиқ ҳамчунон мавриди ихтилоф аст.

Илова бар хатогиҳои марзӣ ва мушкилот бо об, роҳҳо ва чарогоҳҳо, қочоқи густурдаи сӯзишворӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд ва баҳсҳои қочоқии марбут ба нархи сӯзишворӣ даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба бор овард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад