Хабарнигорони зани афғон ба далели афзоиши таҳдидоти амниятӣ шуғлашонро тарк мекунанд

Кумитаи масунияти хабарнигорони Афғонистон эълом кард, ки ҳудуди 300 хабарнигори зани афғонӣ тайи шаш моҳи ахир ба далели афзоиши таҳдидоти амниятӣ шуғлашонро тарк кардаанд .

 

Кумитаи масунияти хабарнигорони Афғонистон тайи гузорише эълом кард, ки дар шаш моҳи ахир 20 дарсади хабарнигорони зани афғонӣ шуғлашонро тарк кардаанд .

Дар ин гузориш омадааст, ки ҳудуди 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ зан, тайи шаш моҳи ахир ба далели афзоиши таҳдидоти амниятӣ ва қатлҳои ҳадафманди ахир шуғлашонро тарк кардаанд .

Аз сӯи дигар ниҳоди ҳимоят аз расонаҳои озоди Афғонистон низ эълом кард : бештари хабарнигорони зан, ки ба далели адами амният дар кишвар шуғлашонро тарк мекунанд, дар талош ҳастанд то муҳоҷират кунанд .

Лозим ба зикраст, ки тайи як соли ахир дар саросари Афғонистон беш аз 10 хабарнигор кушта шуданд .

Ҳамчунин дар дувуми март, се корманди зани як шабакаи телевизиюнии хусусӣ дар устони “Нангарҳор”, бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди ношинос ҷони худро аз даст доданд .

Афғонистон дар рӯзҳои ахири шоҳиди афзоиши иқдомоти террористӣ ва ҳамалот дар саросари кишвар мешавад ва дар ин ҳамалот ба вижа хабарнигорон, фаъолони маданӣ, уламо, кормандони давлатӣ ва маъмурони амниятӣ мавриди ҳадаф қарор мегиранд .

Давлати Афғонистон, Толибонро масъули ин ҳамалот медонад, аммо Толибон инро рад мекунад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад