Ҷопон истифода аз ҳавопаймои “Боинг 777”-ро манъ кард

Вазорати ҳамлу нақли Ҷопон истифода аз ҳавопаймои "Боинг 777"-ро то эълони дигар мамнъ кард .

 

 

Вазорати ҳамлу нақли Ҷопон дар пайи ҳодисаи нақси фаннӣ дар матори як “Боинг 777”- ти ширкати ҳавопаймоӣ “United Airlines USA”, дар парвози рӯзи шанбе,  истифода аз ин навъ ҳавопаймо дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ Ҷопонро то эълони дигар мамнуъ кард .

Ширкати ҳавопаймӣ “Al Nippon Airways”, 19 ҳавопаймо ва “Japan Airlines”, 13 ҳавопаймои “Боинг 777” дар ширкатҳои худ доранд .

Ширкатҳои мазкӯр эълом карданд, ки ҳавопаймоҳои дигар ба фаолияти худ идома дода ва мушкиле дар парвозҳо эҷод нахоҳад шуд .

Ҳавопаймои мусофирбарии “United Airlines USA”, рӯзи шанбе 20 феврал дақоиқе пас аз бархостан аз фурудгоҳи Денвер ба мақсади Ганалулу ба далели нақси фаннӣ ва харобии матори самти рости сабаби фуруд изтирорӣ шуд . Тиккаҳои аз баданаи матори ҳавопаймои “Боинг 777”  дар 50 километрии ҳаёти хонаҳои атрофи фурудгоҳ суқут кард.

Ин ҳодиса хисорати ҷоне дар пай надошт .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад