Таъкиди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба густариши ҳамкориҳо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти сафири кишвар бо амри минтақаи Маккаи Арабистони Саудӣ хабар додааст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи бештари ҳамкории судманд дар партави роҳнамоиҳои роҳбарони ду кишвар таъкид намуданд.

21 феврал дар Ҷидда вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид Ал-Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.

Дар иттилои манбаъ омадааст: “Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд”.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи бештари ҳамкории судманд дар партави роҳнамоиҳои роҳбарони ду кишвар таъкид намуданд.

Пештар дар бораи оғози маросими ҳаҷи умра дар Арабистони Саудӣ хабар дода шуда буд.

Саъдулло Қурбонов, раҳбари ширкати “Расул”, яке аз ду ширкати тоҷикистонии ташкили ҳаҷҷи умраву фарзӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, то ба ҳол сари замону шароити қабули зойирини тоҷик бо Арабистони Саудӣ тавофуқ сурат нагирифтааст.

Саъдулло Қурбонов гуфт: “Мо аз ҷониби худ тамоми ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба он ҷониб ирсол доштаем. Ҳоло мунтазир ҳастем, ки он ҷониб чӣ мегӯяд. Ин ҳама ба ҳамагирӣ (пандемия) – и “вируси корона” рабт дорад. Низоми пазириш дигар шудааст, қаблӣ нест. Тадобири иловагӣ ва мураккаб барои фурудгоҳҳову дигар зерсохторҳои Саудӣ пеш омадааст, ки бояд гирифта шаванд. Масалан, 1 ноябр зойирини Индонезияро қабул кард. Ҳамин тавр, ба навбат зойирини дигар кишварҳоро хоҳад пазируфт”.

Қаблан Арабистони Саудӣ эълон карда буд, ки аз оғоз моҳи ноябр ба зоирон иҷоза медиҳад, то аз дохилу хориҷи кишвар сафар кунанд ва маросими ҳаҷро комилан анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои арабӣ, Саудӣ метавонад рӯзона 20 ҳазор зойир ва 60 ҳазор намозгузорро қабул кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад