Таҷаммуъи саҳюнистҳо дар эътироз ба сиёсатҳои Нетанёҳу

Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони режими ғосиби саҳюнистӣ, дар эътироз ба сиёсатҳои Нетанёҳу, нахуст вазири ин режим дар манотиқи мухталиф таҷаммуъ карданд .

 

 

Ба гузориши канали телевизиюнии “Кан”,  Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони режими ғосиби саҳюнистӣ, дар эътироз ба сиёсатҳои Нетанёҳу, нахусти вазир дар шаҳрҳои Қудс, Телавив ва Қиссарӣ  таҷаммуъ карда ва хостори барканории вай шуданд .

Бар ин асос, ҳудуди 1000 нафар аз муътаризон дар муқобили хонаи Нетанёҳу дар Қудси ишғолӣ, таҷаммуъ карда ва алайҳи нокоромадии давлати вай дар муқобила бо шуюъи корона шиорҳое сар доданд .

Тазоҳуротҳо алайҳи Нетанёҳу ва амалкарди вай ҳудуди 8 моҳ аст, ки идома дорад .

Гуфта мешавад нокоромадии давлати Нетанёҳу дар муқобила бо шуюъи корона ва парвандаҳои мутаъаддиди фасоди вай боис шуда мардум алайҳи вай эътироз кунанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад