Паёмҳои мақомҳои олирутбаи Тоҷикистон ба ҳамтоёни эронӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷа бо ирсоли паём ба ҳамтоёни эронии худ, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст: “Тоҷикистон алоқаманд ба тавсеаву таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманду самарбахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ афзудааст: “Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак дар оянда низ густариш хоҳад ёфт”.

Вай ба ҳамтои эронии худ саломативу комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саодат ва шукуфоӣ орзӯ кардааст.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишвар низ дар паёме солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ табрик гуфт.

Дар ин паём омадааст: “Муфтахарам ба Шумо ҷашни фархундаи рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона табрик арз намоям. Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҳамаи бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн алоқаманд аст”.

Муҳриддин ибрози итминон кардааст, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ ва барқарории сулҳу субот дар минтақа ва дар партави ҳамкориву талошҳои муштарак, равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад