Сарве, ки 42 сола шуд – намоиши тоза аз иқтидори як миллат

Дар солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эрон, ки баробар шудааст бо ривоҷи бемории коронавриус, имсол роҳпаймоӣ ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо мошин ва мотосикл баргузор шуд

Ҳамзамон бо чилу дуюумин солгарди Инқилоби исломӣ роҳпаймоии мутафовити мардуми Эрон дар рӯзи ҷашни инқилоб дар саросари кишвар баргузор шуд.

42-юмин солрӯзи Пирӯзии Инқилоби исломӣ ва дар шароите, ки вируси корона шароити хосеро ба Эрон ва ҷаҳон таҳмил кардааст, маросими роҳпаймоии эрониҳо дар рӯзи 22 баҳман ба шакли мутафавите баргузор шуд.

Ҳоло имрӯз мардуми ҶИЭ бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ ва бидуни гирдиҳамоӣ ва таҷаммӯъ барои пешгирӣ аз шуюъи вируси корона бо ҳаракати рамзии мотосиклҳо ва мошинҳо дар саросари Эрон чилу дуюмин солгарди рӯзи Инқилоби исломиро ҷашн гирифтанд. Ин маросим ҳамзамон дар беш аз ҳазор шаҳру деҳа баргузор шуд ва дар тамоми шаҳру деҳаҳо меҳвари ҳаракат аз масҷидҳо буд.

42 сол қабл дар рӯзи 22 баҳмани 1357 баробар бо 11 феврали 1979 Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (рҳ) ба пирӯзӣ расид. Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ ҳукумати подшоҳӣ дар Эрон поён ёфт ва нахустин бор дар ин кишвар ҳукумати ҷумҳурӣ барпо шуд.

Ин азми ҷиддӣ барои барпоии сорлӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ, нишондиҳандаи маҳкам ва уступор будани ормонҳои ин кишвар ва як дарси ибрат барои дигар кишварҳои исломӣ аст, ки дар муқболили мустакбирон, зургӯён ва бадхоҳони ислом ҳамеша муқовимат ва истодагӣ дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад