Намояндаи парлумони ‌Аврупо: Ҷони Яманиҳо барои Аврупо муҳим нест

Яке аз намояндагони парлумони Аврупо бо ишора ба фуруши таслеҳот ба Арабистони Саудӣ ва Иморот тавассути кишварҳои аврупоӣ , ин саволро матраҳ кард, ки оё ҷони Яманиҳо барои Аврупо аҳамият надорад?

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Майк Волес”, (Mike Wallace) намояндаи Ирландияи парлумони Аврупо дар паёме дар Твитар, аз идомаи бомбаборони Яман, тавассути Арабистони Саудӣ ва Иморот, бо ҳимояти ғарбиҳо интиқод кард.

Ӯ дар ин паёми Тветарӣ навишт : «Эътилофи саудӣ-иморотӣ дар ҳоли бомбаборони Яман, бо ҳимояти ғарбиҳо ҳастанд ва дар пайи он миллионҳо Яманӣ дар ҳоли гуруснагӣ кашидан ҳастанд.»

Ин намояндаи порлумони Аврупо, дар идомаи паёми Тветарии худ навишт : «Чаро Иттиҳодияи Аврупо ба аъзои худ иҷоза медиҳад то ба Арабистон ва Иморот силоҳ фурухта ва аз ин ду кишвар ҳимоят кунанд? Оё ин чизе аст, ки мо аз он ба унвони “Арзишҳои аврупоӣ ” ёд меканем? Оё ҷони Яманиҳо муҳим нест?»

Эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ аз панҷсоли қабл кишвари фақири Яманро барои бозгардондани қудрат ба “Мансур Ҳодӣ”, раиси ҷумҳури фарории Яман ҳадафи ҳамалоти сангини ҳавоӣ , заминӣ ва дарёӣ қарор дода аст .

Ин ҳамалот ба нобудии зерсохтҳои Яман ва густариши фақр , бекорӣ ва густариши бемориҳои гузаранда дар ин кишвари фақири арабӣ мунҷар шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад