Кушта шудани 14 сарбози афғон бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда

Дастикам 14 сарбоз бар асари инфиҷори мошини бомб гузори шуда дар вилояти "Нангарҳор", дар шарқи аФғостон кушта шуданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Олмон”, Аҷмал Умар, узви шӯрои маҳаллӣ дар вилояти “Нангарҳор”, дар шарқи Афғонистон эълом кард, ки дастикам 14 сарбози афғон бар асари инфиҷори як мошини бомб гузори шуда дар ин вилоят ҷони худро аз даст доданд.

Аҷмал Умар гуфт : «чаҳор тани дигар дар ин ҳодиса, ки субҳи имрӯз дар минтақаи ‌Шерзод, рух дод , захмӣ шудаанд.»

Вай тавзеҳ дод, ки як фарди интиҳори як пойгоҳи низомиро дар ин минтақа ҳадаф қарор дод .

Дар ҳамин ростои як манбаи амниятӣ низ аз вуқуъи инфиҷор дар ин пойгоҳ хабар дод .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад