Суқути болгард дар Куба 5 кушта бар ҷой гузошт

Манобеи хабарии маҳаллӣ аз суқути як болгард дар Куба хабар доданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters” , манобеи хабарии маҳаллӣ аз суқути як болгард дар минтақаи кӯҳистонӣ дар шарқи Куба хабар доданд.

Вазорати дифои Куба эълом кард, ки ин болгард аз устони “Олгин”, воқеъ дар шарқи ин кишвар озими устони Гуантанамо буд, ки дар баландиҳои минтақаи кӯҳистонӣ суқут кард.

Дар ҷараёни ин сониҳа панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд . Мақомҳои масъӯл бидуни ишора ба ҷузъиёти бештар эълом карданд, ки иллати ин сониҳа тавассути кумитае аз вазорати дифо дар дасти баррасӣ аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад