200 низомии амрикоӣ дар маросими савгандёдкунии Байден ба корона мубтало шуданд

Ҳудуди 200 тан аз нерӯҳои горди миллӣ, ки таъмини амнияти маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури ҷадиди Амрикоро бар уҳда доштанд, ба Ковиди 19 мубтало шуданд, ҳол онки эҳтимоли афзоиши ин рақам вуҷуд дорад.

 

 

Ба гузориши маҷаллаи “Wall Street”, ибтилои 200 нафар аз аъзои горди миллии Амрико ба коронавирус ҳини таъмини амнияти маросими савгандёдкунии Ҷо Байден, ба унвони чиҳилу шашумин раиси ҷумҳури ин кишвар хабар дод.

Ин дар ҳоле аст, ки нигаронӣ аз бобати эҳтимоли афзоиши мубталоёни ба коронавирус бисёр ҷадди аст.

Зоҳиран истиқрори ҳудуди 5 ҳазор горди миллӣ дар сохтумони Конгрес , суръати интиқоли коронавирусро афзоиш дода аст.

Акс‌ҳои ирсол шуда аз Конгрес, ин нерӯҳоро дар ҳоле ки бидуни риояти фосилаи эманӣ , рӯи замин дароз кашидаанд, нишон ма‌диҳад.

Дар маҷмӯъ , 25 ҳазор нерӯи горди миллӣ барои таъмини амнияти маросими савгандёдкунӣ, ки чаҳоршанбе ҳафтаи гузашта баргузор шуд , ба Вашингтон DC, эъзом шуданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад