Ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило ба корона тайи 12 рӯзи пай дар пай дар кишвар сабт нашуд

Вазорати тандурустии кишвар эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта низ ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар кишвар сабт нашуда аст.

 

 

Вазорати тандурустии кишвар дирӯз ҷумъа эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта низ ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар кишвар сабт нашуда аст.

Бар ин асос , омори кулли мубталоёни ба коронавирус 13 ҳазору 308 нафар аст.

Ҳамчунин маҷмӯъи ҷон бохтагони коронавирус дар кишвар ба 90 нафар расида ва тайи шабона рӯзи гузашта ҳеҷ мавриди ҷадиди фавтӣ гузориш нашудааст ва шумори беҳбудёфтагон низ ба 13 ҳазору 218 нафар расида аст.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 12 рӯзҳои ахири ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар кишвар мушоҳида нашуда аст.

Гуфтани аст тайй чанд моҳи ахир рӯзона дар кишвар байни 20 то 30 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус сабт мешуд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад