Ҷамъоварии қарзи барқ дар вилояти Суғд

Коргурӯҳи вижаи назорат бар масрафи барқ дар вилояти Суғд ахиран бо кумаки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳудӯди 9 миллионсомонии ҳазинаи барқи пардохтнашударо ҷамъоварӣ карданд.

Ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, ин маблағ дар шаҳрҳои Исфара, Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварӣ ва ба ҳисоби ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ворез шудааст.

Ба далели шиддат ёфтан буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон Ситоди вижаи кишварӣ барои назорат бар масрафи барқ фаъолияти худро оғоз кардааст.

Аз вазоифи ин ситод ифшосозии дуздии барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масраф аст.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик” аъзои ин ситод мебошанд.

Дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз рӯзи 6 январи имсол аз соати 23 шаб то 6 субҳ маҳдудияти барқ иҷро шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад