Инфиҷор дар нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Узбекистон 3 қурбонӣ гирифт

Дар паи вуқуъи инфиҷор дар яке аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ дар тошканд , пойтахти Узбекистон 3 нафар ҷон бохта ва 3 тани дигар захмӣ шуданд.

 

 

Дар паи вуқуъи инфиҷор дар нерӯгоҳи ҳароратии “Йени-Ангрен”, воқеъ дар фосилаи 120 километрии Тошканд , пойтахти Узбекистон 3 нафар ҷони бохта ва 3 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати умури изтирории Узбекистон тайи баёнияе эълом кард, ки ин ҳодиса ҳангоми таъмири ин нерӯгоҳ дар воҳиди панҷуми он рух дода аст.

Бар асоси ин баёния , фаъолияти ин нерӯгоҳи ҳароратӣ як рӯзи пеш барои таъмир ва нигаҳдории фаннӣ, мутаваққиф шуда ва таҷҳизоти технологии он дар инфиҷори мазкӯр осеб надида аст.

Нерӯҳои имдодгар ба маҳали ҳодиса эъзом шудаанд . Додситони Узбекистон низ таҳқиқот дарбора ин ҳодисаро оғоз карда аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад