Таҷаммуъи мусаллаҳона дар атрофи Конгресси иёлати Вирҷиния

Гурӯҳҳои ифротии тарафдори ҳамли силоҳ , ба рағми тадобири амниятии ношӣ аз маросими савгандёдкунии Байден, дар атрофи Конгресси иёлати Вирҷиния , таҷаммуъ карданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “NBC“, дасти ками 100 тан аз аъзои мусаллаҳи гурӯҳҳои ростгарое чун «писарони Ифтихор» ва «писарони Богалло» дар солгарди ҳимоят аз мутаммими дувуми қонуни асосии Амрико , дар атрофи Конгресси иёлат “Вирҷиния”, таҷаммуъ карданд.

Ин таҷаммуъи мусаллаҳона дар ҳоле баргузор шуд, ки дар остонаи маросими савгандёдкунии Ҷо Байдени Демократ , нерӯҳои горди миллӣ дар ҳар 50 иёлати Амрико дар ҳоли омода бош ҳастанд.

Дар иёлати Вирҷиния ҳам сохтумони Конгрес ва бисёре аз машоғил дар таътилии комил ба сар ме‌баранд.

Таҷаммуъи ҳомиёни ҳамли силоҳ руйдоди солона аст, ки имсол теъдоди онҳо ба далели ҳамагирӣ коронавирус ва ҳамчунин тадобири амниятии ношӣ аз маросими савгандёдкунӣ, камтар аст.

Ин тадобир, пас аз ҳамлаи ҳаводорони Доналд Трамп раиси ҷумҳури феълии Амрико ба Конгресси Федерал дар таърихи 6 январ иттихоз шуд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад