Беш аз 21 ҳазор нерӯи горди миллӣ дар Вашингтон мустақар шуд

Вазорати дифои Амрико эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир 21500 нерӯи горди миллии ин кишвар барои таъмини амнияти маросими таҳлифи раиси ҷумҳури ҷадид дар Вашингтон мустақар ҳастанд.

 

 

Ба гузориши шабакаи хабарии “Fox News“, ба нақл аз Пентагон гузориш дод, ки дар ҳоли ҳозир 21500 нерӯи горди миллии Амрико дар шаҳри Вашингтон  пойтахти ин кишвар мустақар ҳастанд то амнияти маросими савганд ёдкунии Ҷо Байден, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавадро таъмин кунанд.

Вазорати дифои Амрикои рӯзи ҷумъа муҷаввизи истиқрори 25000 нерӯи горди миллии Амрико дар Вашингтон DC-ро ба манзури таъмини амнияти маросими таҳлифи Ҷо Байден содири кард.

Пентагон, ибтидо муҷаввизи истиқрори 15 ҳазор нерӯи горди миллӣ дар Вашингтонро содир карда ва сипас онро ба 20 ҳазор нафар афзоиш дода буд ва дар ниҳоят тасмим гирифт, ки ин теъдодро ба 25 ҳазор нафар бирасонад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад