Як ҳафта бе COVID-19

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷумҳурӣ як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.

Дар маҷмуъ Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Бо вуҷуд мақомоти тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ғафлат намонанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад