Маҳбубияти Трамп ба поинтарин сатҳ дар 4 соли гузашта расид

Пас аз ҳамлаи муътаризон ба натиҷаи интихобот ба Конгресси Амрико , теъдоди касоне, ки аз иқдомоти Трамп ҳимоят мекунанд ба камтарин мизони худ дар тӯли чаҳор соли гузашта расид.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, назарсанҷии “Маркази тадқиқотии Pew“, нишон медиҳад, ки  танҳо 29 дарсади мардуми Амрико иқдомоти Трампро таъйид мекунанд ва 68 дарсади дигар низ мухолифат кардаанд.

Наздик ба чаҳор сол мизони таъйиди иқдомот Трамп дар миёни Амрикоиҳо тақрибан байни 30 ило 40 дарсад буда аст , аммо назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки  Трамп яке аз номаҳбубтарин руасои ҷумҳур дар тамоми таърихи Амрико маҳсуб мешавад.

Ба назар мерасад, ҳатто дар миёни аъзои ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ маҳбубияти Трамп дар ҳоли коҳиш аст, чаро ки танҳо 60 дарсади Ҷумҳурихоҳ амалкарди шуғлии ӯро мусбат арзёбӣ кардаанд . Дар моҳи август ин рақам 77 дарсад буд, ки акнун ба поинтарин ҳад расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад