Шашумин рӯзи бидуни гирифторӣ ба коронавирус

Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар қаламрави кишвар ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин аст.

Ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳеч бемории ҷадиди Ковиди 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашуда ва вазъияти коронаӣ дар кишвар ҳамчунон сафед аст.

Бар ин асос теъдоди мубталоён ба Ковид-19  дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбе 16 январ бидуни тағир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковиди 19 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 5 то 16 январ танҳо рӯзи даҳум 3 мавриди ҷадиди коронавирус ба сабт расид.

Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 13 ҳазору 218 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад