Пойтахти Амрико аз Ироқ ва Афғонистон низомитар шудааст

Интизор меравад то рӯзи шанбе шумори низомиёни горди миллӣ, ки дар Вашингтон DC мустақар мешаванд ба 10 ҳазор нафар бирасад то тавони муқобила бо шӯришҳое, ки маросими савгандёдкунии Байденро таҳдид мекунанд , дошта бошнд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Business Insider”, як ҳафта то баргузарии маросими савгандёдкунии Ҷо Байдени Демократ ба унвони чиҳилу шашумин раиси ҷумҳури Амрико боқӣ монда ва аз ҳам акнун хиёбонҳои Вашингтон DC – пойтахти ин кишвар- дар тасхири низомиёне аст, ки шумори онҳо ба маротиби бештар аз нерӯҳои Амрикоӣ мустақар дар Ироқ ва Афғонистон аст.

Акнун 6 ҳазору 200 нерӯи горди миллӣ дар Вашингтон DC мустақар ҳастанд ва то рӯзи шанбе , теъдоди онҳо ба дасти ками 10 ҳазор нафар мерасад ҳол онки дар ҳоли ҳозир , ҳудуди ду ҳазору 500 низомии Амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон ҳузур доранд.
Ҳатто рӯзи 20 январ, ки мавъиди тсавгандёдкунии Ҷо Байден аст , афзоиши нерӯҳои горди миллӣ то рақами 15 ҳазор нафар низ пеш бинӣ шуда аст.

Шаби гузашта ва ҳамзамон бо баргузарии ҷаласаи истизоҳи ё ҳамон импичменти Трамп , тасовире аз ҳузури ин нерӯҳо дар сохтумони Конгрес мунташир шуд, ки рӯи замин ба хоб рафта буданд.

Ба гуфтаи идораи умури таърихии Сана, танҳо дар замони ҷанги ҷаҳонии дувум ва ошӯбҳои Вашингтон дар соли 1968 , нерӯҳои низомии Амрико шабро дар Конгрес сипарӣ карданд.
Пеҳӣао дар моҳи октябр , вазорати амнияти  Амрико , аз бартарии фазои нажоди сифед, ба унвони бузургтарин таҳдиди амнияти дохилӣ ном бурда буд.

Дар ҳоли ҳозир , бо ҳушдори “FBI“, ҳамаи 50 иёлати Амрико дар ҳоли омода бош ҳастанд . Ин эҳтимол, ки тарафдорони Доналд Трамп раиси ҷумҳури кунунии Амрико , бо пофишорӣ бар иддаои тақаллуб , даст ба эътирози мусаллаҳона бизананд , бисёр зиёд аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад