79 дарсади амрикоиҳо муътақиданд кишварашон дар ҳоли фурӯпошӣ аст

Натоиҷи назарсанҷии муштараки пойгоҳи хабарии "Axius" ва як пажӯҳишгоҳи назарпурсӣ  ҳокӣ аз ин аст, ки 79 дарсад аз амрикоиҳо кишварашонро дар ҳоли фурӯпошӣ ме‌бинанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ , натоиҷи назарсанҷии муштараки пойгоҳи хабарии “Axius” ва як пажӯҳишгоҳи назарпурсӣ нишон медиҳад, ки 79 дарсад аз шаҳрвандони амрикоӣ муътақиданд, ки кишварашон дар ҳоли фурӯпошӣ аст.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки як ҳафта пас аз ҳамлаи ҳаводорони Трамп ба Конгрес анҷом гирифта ва натоиҷи он ҳамин имрӯз ( панҷ‌шанбе ) мунташир шуда аст , 83 дарсад аз ҳаводорони ҳизби Демократ ва 78 дарсад аз ҳаводорони ҳизби ҷумҳурихоҳ бар ин боваранд, ки кишварашон дар ҳоли фурӯпошӣ аст.

Ширкат‌кунандагон дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин ба пурсиши дигаре бо унвони « оё ба амрикоӣ будани худ ифтихор мекунед ?» низ посух додаанд, ки посухи 22 дарсад аз ҳаводорони ҳизби Демократ ба ин савол манфӣ буда ва ба таври Куллӣ 17 дарсад аз ширкаткунандагон дар назарсанҷӣ ба ин савол посухи манфӣ додаанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад