Коҳиши 40 миллиондолларии даромади ҶТ аз содироти барқ

Даромади Тоҷикистон аз содироти барқ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019,  40 миллион доллар коҳиш ёфт.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, содироти барқ дар соли 2020 барои Тоҷикистон 56 миллиону 400 ҳазор доллар даромад ба ҳамроҳ дошт, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 40 миллиондоллариро нишон медиҳад. Ин мизон даромад аз фурӯши барқ ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон ба даст омадааст.

Дар соли 2020 дар Тоҷикистон тавлиди барқ ба 19 миллиарду 700 миллион киловатт соат расид, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 4,3 дарсадиро нишон медиҳад.

Аз ин мизон барқи тавлидшуда 18 миллиарду 100 миллион киловатт соат барқ саҳми нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва як миллиарду 600 миллион киловатт соат саҳми нерӯгоҳҳои ҳароратӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки ба далели буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон, манотиқи рустоии ин кишвар аз рӯзи 6 январ танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд ва дар бақияи соатҳо маҳдудият барқарор мешавад.

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” иллати ин иқдомро камбуди об дар садди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” унвон кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад