Кашфи ҷасади як низомии саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ

Манобеи расонаӣ эълом карданд, ки ҷасади як низомии режими саҳюнистӣ, ки ба зарби гулула кушта шуда аст , дар Каронаи Бохтарӣ кашф шудааст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Аҳд”, ҷасади як низомии режими саҳюнистӣ имрӯз чаҳоршанбе дар Каронаи Бохтарӣ кашф шуда аст . Гуфта шуда аст , ки ин низомии саҳюнистӣ ба зарби як гулула кушта шуда аст.

Бар асоси ин гузориш , манобеи расонаӣ эълом карданд, ки ҷасади ин афсари саҳюнистӣ дар як минтақаи ҷангалӣ дар наздикии шаҳри Алхалил воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ кашф шуда аст . Тибқи гузоришҳои мунташир шуда , низомии саҳюнистӣ, ки ҷасадаш кашф шуда аст , “Ави Ҳарлиф” ном дорад.

Мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ эълом кардаанд, ки дар ҳоли таҳқиқ перомуни чароӣ кушта шудани афсари ин режим ҳастанд . Токунун ҷузъиёти бештаре аз ин хабар мунташир нашуда аст, аммо бархе манобе эълом кардаанд, ки  низомии кушта шуда дорои дараҷаи Полковник буда аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад