Ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба “Дайруззур” ва “Ал-Букамол” дар Сурия

Хабаргузории расмии "Сурия", аз ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳри Дайруззур ва минтақаи Ал-Букамол дар ин кишвар хабар дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия “САНА”, бомдоди чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ, ҷангандаҳои режими палиди саҳюнистӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ шаҳри Дайруззур ва минтақаи Ал-Букамол дар Сурияро мавриди ҳамла қарор доданд.

Як манбаи низомии Сурия дар баёнияе ба хабаргузории “САНА”, гуфта аст, ки « дақиқан раъси соати яку даҳ дақиқа бомдоди имрӯз ( чаҳоршанбе ) душмани саҳюнистӣ алайҳи шаҳри Дайруззур ва минтақаи Ал-Букамол даст ба як таҳоҷуми ҳавоӣ зад, ки натиҷаи ин таҷовуз дар дасти баррасӣ аст».

Дар идомаи ин баёния омада аст : « дар солҳои ҷанг алайҳи террористҳо дар Сурия , сомонаҳои падофанди ҳавоӣ мо [ Сурия ] бо ҳамалоти мукаррари режими палиди саҳюнистӣ рӯбарӯ шуданд ؛ ҷое ки душмани Исроилӣ мустақиман дар ҳимоят аз созмонҳои террористӣ , ба вижаи гурӯҳаки террористии ДИИШ дахолат мекард ».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад