Як зани 31 сола бо мошини худ ба “Бурҷи Трамп” ҳамла кард

Як зани 31 сола имрӯз пас аз инки бо мошини шахсии худ ба ҳифоз ва монеъи вурудии бурҷ ва ҳотели байналмилалии Трамп дар шаҳри Чикаго зад, тавассути полис боздошт шуд.

 

 

Бар асоси гузориши расонаҳои Амрикоӣ як зани 31 сола бомдоди имрӯз се шанбе бо мошини шахсии худ, ба ҳифоз ва монеъи мавҷӯд дар вурудии бурҷ ва ҳотели байналмилалии Трамп дар шаҳри чикаго зад.

Бар асоси эъломи нашрияи “Newsweek”, ин зан, ки гуфта мешавад аз мухолифони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунунии Амрико ба шумор меравад , пас аз ин иқдом тавассути полис боздошт шуд.

Полиси Чикаго дар Ин хусӯс эълом кард, ки таҳқиқот аз вай оғоз шуда аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад