Изҳороти Ҷабборов баъд аз расидан ба раёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Раисҷумҳури Қирғизистон аз ҳамаи гурӯҳҳо дар ин кишвар хост ба манзури ҳифзи субот дар Қирғизистон натиҷаи интихоботро бипазиранд.

Садир Ҷабборов сиёсатмадори миллигарои Қирғизистон, ки тавонист дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи ин кишвар бо касби 80 дарсади овоз пирӯз шавад дар нахустин суханронии худ инчунин гуфт: “Русия шарики стратегии Қирғизистон аст.”

Ҷабборов бо ишора ба ин ки дар даврони сахтӣ ва бӯҳрон, қудратро дар даст гирифтааст, гуфт ки барои ҳалли бӯҳронҳо ба замон ниёз дорад.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон эълон кард, ки беш аз 80 дарсад аз раъйдиҳандагон ҳамчунин аз пешниҳоди ислоҳи қонуни асосӣ барои эътои ихтиёроти бештар ба раисҷумҳури ин кишвар дар муқобили коҳиши ихтиёроти порлумон ҳимоят кардаанд.

Раисҷумҳури феълии Қирғизистон Садир Ҷабборов дар пайи эътирозоти хушунатомези октябри соли гузашта аз зиндон озод шуд ва ба мақоми сарвазирӣ расид.

Рӯзи якшанбе ба таври ҳамзамон ҳамапурсии низоми ҳукуматии Қирғизистон низ баргузор шуд, ки тибқи натоиҷи ба даст омада 81 дарсад аз мардум ба низоми раёсат раъй доданд ва пас аз як даҳа, низоми ҳукуматии раёсати ҷумҳуриро ба кишвари худ баргардонданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад