Тирандозӣ дар Чикаго 5 кушта бар ҷой гузошт

Марде баъд аз вурӯд ба лобии як сохтумони чанд табақаӣ дар шаҳри Чикагои Амрико , ба рӯи мардум оташ гушӯд, ки дар натиҷаи ин иқдом , 5 нафар кушта шуданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “ABS News”, тирандозӣ дар шаҳри “Чикагои” Иёлати «Иллинойс», ба кушта шудани 5 нафар мунҷар шуд.

Тирандоз, ки баъдан дар даргирӣ бо полис аз пой даромад, ба таври бе ҳадаф шурӯъ ба тирандозӣ кард . Аз 7 нафаре ки ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд , фақат 2 нафар ҷони солим ба дар бурданд.

“Ҷейсон Найтбул”, ҳини вурӯд ба сохтумоне дар яке аз маҳаллаҳои Чикаго , пеш аз онки бидуни ҳеч гуна ҳушдори қаблие шурӯъ ба тирандозӣ кунад, дархости истифода аз телефони ҳамроҳро дошта аст.

Яке аз мақтулин, нигаҳбони сохтумон аст, ки ҷиноят дар он ба вуқуъ пайваст ва пеш аз шуруи тирандозӣ хостори хуруҷи зориб шуда буд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад