Ба гузориши расонаҳои фаластинӣ, низомиёни режими ишғолгари Қудс шомгоҳи панҷшанбе ва имрӯз ҷумъа ба манотиқе дар Каронаи Бохтарӣ ҳамлавар шуданд.
Низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба шимоли шарқи Ромуллоҳ , 8 фаластинӣ аз ҷумла “Саид Армӣ”-ро дар манзилаш воқеъ дар “Дайрҷарир” боздошт карданд.
Саид Армӣ, чанд рӯзи пеш дар чандин мусоҳибаи хабарӣ, бар мубориза бо низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ва дифо аз сарзаминаш таъкид карда буд .