Русия: Системаи интихоботии ИМА фарсуда аст

Вазорати хориҷа Русия мегуяд ончӣ дар Амрико рух дод бахше аз масоили дохилии ин кишвар аст, дар ҳоле ки системаи интихоботии Амрико фарсуда ва осеб пазир аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” , “Мария Захарова” сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар нахустин вокуниши расмӣ ба ончӣ шаби гузашта дар пойтахти Амрико рух дод ؛ гуфт : ин масаълаи дохилии Иёлоти Муттаҳида аст.

Бо ин ҳол вай идома дод : аммо ин ҳаводис бори дигар нишон дод, ки системаи интихоботии Амрико куҳна аст ва наметавонад посухгӯи стандартҳои рӯзи дунё бошад чаро, ки дар маърази нақзи қавонин қарор дорад ҳол онки расонаҳои Амрикоӣ низ ба абзоре барои мушоҷироти сиёсӣ табдил шудаанд.

Мария Захаров дар ниҳоят гуфт : умедворем, ки мардуми Амрико ин лаҳзаи драмавӣ дар таърихи кишварашонро ба шоистагӣ пушти сар бигзаронад.

Шаби гузашта , тарафдорон Трамп Конгресси Амрикоро ишғол карданд, дар ҳоле ки, дар ниҳоят баъд аз раванди таъйиди электрорай,  Ҷо Байдени Демократ ба унвони чиҳилу шашумин раиси ҷумҳури Амрико , интихоб шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад